Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Душанбе ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҶТ хбар доданд, ин ҷаласа имрӯз, 12 октябр дар пойтахти Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуда, иштирокдорони ҷаласа атрофи масъалаҳои арзёбии вазъ дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод ва таъсири он ба таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайатҳои низомии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз 20 масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбиро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин қабули қарор оид ба масъалаҳои рушди низоми муттаҳидаи нерӯҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, таъмини иттилоот, таъсиси ассотсиатсияи байнулмилалии Бозиҳои артишӣ, роҳандозии ҳамкории мутақобила дар соҳаи таъмини муҳандисӣ ва миёни хадамоти топографии нерӯҳои низомии кишварҳои узхви Иттиҳод дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.