- Бо кумак ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Русия ба сурати умум сулҳу субот дар минтақаро дастгирӣ мекунад, - гуфт фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия генерал-лейтенант Александр Лапин зимни суханронӣ дар маросими ба ихтиёри Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супурдлани аслиҳаву техникаи ҳарбӣ.

Намояндаи Вазорати мудофиаи Русия қайд кард, ки аз соли 2014 Русия ба Тоҷикистон барои азнавсозии аслиҳаи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба маблағи 140 млн. доллар кумаки техникӣ расонид.

Дар маросим таъкид шуд, ки бо назардошти вазъи нигаронкунанда дар Афғонистон, Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои узви СААД дар сангари аввали муқовимат бо терроризми байнулмилалӣ қарор доранд.

1/13

Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ба ҷониби Русия барои дастгирӣ миннатдорӣ изҳор намуда, таъкид намуд, ки имрӯз артиши Тоҷикистон аслиҳаи пуриқтидор ва муосири Русияро ба ихтиёр гирифт, ки барои ҳимояи сулҳу субот дар кишвар ва минтақа истифода хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар канори пойтахт маросими ба Тоҷикистон супурдани аслиҳа, техникаи зиреҳпӯш ва чархболҳо доир гардид.

Тамринҳои СААД
Asia-Plus

Ба ихтиёри Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аслиҳаи тирандозӣ, артиллерӣ, силоҳи зиреҳпӯши танкӣ (техникаи зиреҳпӯши БТР-80, машинаҳои ҷангии пиёдагардон БМП-2, танкҳои Т-72 ), чархболҳо ( Ми-8 ва Ми-24), воситаҳои алоқа ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, амволи ақибгоҳ, таҷҳизоти тиббӣ ва топографӣ  супурда шуд.