Намояндаи махсуси президенти Русия, директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия Замир Кобулов дар мусоҳиба хабаргузории РИА Новости изхор намуд, ки шумори гурӯҳи ҷангиёни Давлати исломӣ дар Афғонистон ба зиёда аз 10 ҳазор нафар расида, зиёдшавии шумори онҳо аз ҳисоби аъзои дар Ироқу Сурия ҷангида рӯ ба афзоиш дорад ва ғайр аз ин, дар музофотҳои ҷудогонаи Афғонистон пайдо шудани аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофиаи Афғонистон ин маълумотро рад мекунад. Сухангӯи Вазорат Давлат Вазирӣ, ки Радиои Озодӣ ба гуфтаҳои ӯ такя мекунад, изҳор доштааст, ки «ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Русия инро медонанд, ки ДИИШ дар Афғонистон саркӯб шуда, дар ҳоли ҳозир, шумори ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба садҳо тан коҳиш ёфтааст».

«Шумори ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар Афғонистон ҳазорон не, балки садҳо тан мебошад, - гуфтааст ӯ. - Агар мо фаъолияти гурӯҳи Давлати исломӣро аз аввал дар назар бигирем, мумкин аст, шуморашон аз шаш то ҳафт ҳазор тан буд. Аз ин миён ҳазорон тани онҳо кушта шуданд. Теъдоди дигар захмӣ шуда, баъзеашон боздошт гардиданд. Ончиро ки Замир Кобулов гуфтааст, изҳороти худаш аст».

Намояндаи махсуси президенти Русия ҳамчунин қайд кардааст, ки ҳукуматдорони Афғонистон дар бораи омода кардани «харитаи роҳ» оид ба гуфтушунидҳои осоишта бо ҳаракати Толибон изҳори назар кардаанд, ки ин тасмимро «метавон иқдоми мусбат арзёбӣ намуд, вале дар ҳама гуна ҳолат, ба имконоти Русия дар воситаҳои таъсир ба ин ҳаракат аз ҳад зиёд баҳогузорӣ лозим нест».

Кобулов ҳамчунин илова кардааст, ки гурӯҳҳои террористон аз ҳама бештар дар шимоли Афғонистон, наздикии сарҳад бо Тоҷикистону Афғонистон ҳузур доранд.

«Ҳадафи аслии Давлати исломӣ густариши таъсир берун аз ҳудуди Афғонистон аст, ки онро такягоҳи худ мешуморанд. Ин омил ба таъмини амнияти пеш аз ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҷануби Русия хатари ҷидӣ эҷод мекунад», - гуфтааст ӯ.

Коршиноси тоҷики масоили Афғонистон Қосими Бекмуҳаммад низ чунин назар дорад.«Баъди дар Сурияву Ироқ заъиф шудани мавқеи «Давлати исломӣ», имрӯз барои онҳо ҷойи муносиб Афғонистон аст. Тибқи маълумоти хадамоти иктишофии ИМА, аввали соли ҷорӣ аз 2 то 3 ҳазор аъзои «Давлати исломӣ» дар Афғонистон меҷангиданд», - изҳор дошта буд коршинос дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».