Соли 2017 дар марзи давлатии Тоҷикистон бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 31 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 18 нафар қочоқчиён нобуд ва 20 нафари дигар дастгир карда шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо иштироки раиси КДАМ  Саймумин Ятимов, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовинон, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, сардорони отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ-ҷангӣ дар соли 2017 баргузор гардид.

Дар ҷаласа қайд шудааст, ки соли 2017 аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ 74 амалиётҳои махсус, ки аз он 10 амалиёт дар алоҳидагӣ, 46 амалиёт бо КДАМ ҶТ ва 18 амалиёт бо дигар сохторҳо ва мақомотҳои қудратӣ гузаронида шуданд.

Тӯли соли равон аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои қудратӣ аз қочоқчиён ба миқдори 1 ҳазору 740 килову 335 гр маводи нашъадор, аз ҷумла:  27,3  героин,  455,6 кило афюн, 865,7 кило ҳашиш, 386,8 кило бангдона (канабис), 4,9 кило метамфитамин дарёфт ва мусодира гардида, ҳамчунин 25 адад яроқҳои оташфишони тамғаҳои гуногун, 605 дона тирҳои қутраш гуногун, 9 дона норинҷакҳои дастӣ ва 40 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.