Кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии пойтахт таксирони навбатиеро боздошт намуданд, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот автомашинаро идора мекард.

Тавре хадамоти матбуоти РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ронадаи автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри» Фирӯз Маҳмудов, ки барои мусофиркашонӣ иҷозатнома дорад, аз ҷониби кормандони БДА дар ҳолати сархушӣ аз машрубот боздошт шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳафтаи сипаришуда дар роҳҳои мошингарди пойтахи боз ронандагони зерини сархуш аз машрубот боздошт шудаанд:

- ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус 470» (рақ./давлатӣ 7281 СВ 01) Фаррух Салимов;

- ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» ( 2299 АТ 03) Маҳмадрасул Исоев;

- ронандаи автомашинаи тамғаи  ВАЗ 21013 (3838 ВА 07) Аҳлиддин Шарипов.

 

Салимов Фаррух
аз сомонаи dushanbepolice.tj

 

Исоев Маҳмадраусл
аз сомонаи dushanbepolice.tj

 

Шарипов Аҳлиддин
аз сомонаи dushanbepolice.tj

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта кормандони шуъбаи БДА-и пойтахт ду ронандаи нақлиёти ҷамъиятии сархуш аз шаробу маводи мухаддиро боздошт намуда буданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Шуъаби БДА-и пойтахт Мирзо Саидов хабар дода буд, ронандаи троллейбуси хатсайри №1 аз ҷониби кормандони БДА дар ҳолати мастӣ аз шароб ва ронандаи маршруткаи №16 дар ҳолати сархушӣ аз маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт ва ташхиси тиббӣ ин вазъи онҳоро тасдиқ карда буд.

«Ҳарду ронанда аз ҷониби суди дахлдор ҳар кадоме ба муҳлати 15 рӯз ба ҳабс гирифта шуда, аз рӯи қонун бояд дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонигӣ ҷарима пардохт мекарданд, лекин суд ба ин имкон надоштани онҳоро ба инобат гирифта, аз ҷарима озод кард, - қайд карда буд Саидов. - Ҳарду ронанда аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати панҷ сол маҳрум карда шуданд».

Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ субҳгоҳон пеш аз ба кор баромадан ҳатман бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.