Ҳарбиёни Русия бори нахуст шабакаҳои мушакии фаврӣ-тактикиии “Искандар-М”-ро аз Урал ба Қирғизистон интиқол доданд.

Тавре хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказии Русия хабар медиҳад, шабакаҳои мушакии “Искандар-М” барои иштирок дар тамринҳои муштараки зиддитеррористии сохторҳои қудратии кишварҳои узви ИДМ - “Иссиқ-кӯл-Зиддитеррор 2018” аз минтақаи Урал ба Қирғизистон интиқол дода шудаанд.

Дар доираи тамринҳои низомӣ шабакаҳои мушакӣ ба урдӯгоҳ (лагер)-и террористони шартӣ, ки тибқи фарзия дар машқгоҳи “Эделвейс” воқеъ аст, зарба мезананд.

Шабакаҳои мушакии “Искадар-М” барои нобуд кардани ҳадафҳои хурдандоза ва ҳадафҳо дар майдон: шабакаҳои мушакӣ, низомҳои реактивии тирандозии шилликӣ, артиллерияи дурмасофа, ҳавопаймо ва чархболҳо дар фурудгоҳҳо, нуқтаҳои фармондеҳӣ ва алоқа дар масофаи то 500 километр пешбинӣ шудааст.

Марҳилаи аввали тамринҳо дар қаламрави ҳафт кишвари узви Иттиҳод – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуда, марҳилаи хотимавӣ дар қаламрави Қирғизистон доир мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.