Пагоҳ, 20 октябр дар Душанбе Конфронси Осиёӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ баргузор мешавад. Ташаббускори баргузории конфронси мазкур Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ мебошад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумита хабар доданд, конфронс дар доираи амалисозии тавсияҳои “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030” баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар кори конфронс аз иштироки намояндагон 30 кишвари қораи Осиё интизорӣ меравад.

Дар кори конфронс ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, таҳкими системаҳои идоракунии хавфи офатҳо, табодули таҷриба оид ба шакл ва хусусиятҳои офат таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ҳамчунин ташаббусҳои нав ва мунсибати кишварҳои узв ва ташкилотҳои шарик оид ба омодагӣ ба офатҳои душвор мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030” 18 марти соли 2015 дар Конфронси 3-юми ҷаҳонӣ дар Сендай (Ҷопон) қабул шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.