Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба дифои рисолаҳои илмӣ дар Шўроҳои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар сомонаи АМИТ «Ховар» шарҳи расмӣ интишор намуд, ки дар зер манзуратон мегардонем:

«Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади дифои рисолаҳои илмии докторӣ ва номзадии мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия аз 12 феврали соли 1997 дар кишвари мо шўроҳои диссертатсионӣ таъсис ёфтаанд, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд.

Дар соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 адад шўроҳои диссертатсонии мазкур амал мекарданд, ки дар онҳо аз рўи 37 ихтисос корҳои илмӣ дифоъ карда шуд. Дар соли зикршуда дар шўроҳои диссертатсионии амалкунанда  дар кишвари мо дар маҷмўъ 353 рисола, аз ҷумла 40 рисолаи докторӣ ва 313 рисолаи номзадӣ дифоъ гардид, ки ба ҳар як шўро 15 рисолаи илмӣ дар як сол рост меояд.  Аз шумораи умумии дифоъкардагон  272 нафар  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 81 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд (аз ҷумла, 61 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон, 1 шаҳрванди Ҷумҳурии Ироқ, 4 шаҳрванди Федератсияи Россия, 5 шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон, 3 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия ва 4 шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон).

Бояд таъкид намуд, ки дар соли 2015 беш аз ҳама рисолаҳои илмӣ дар Шўрои диссертатсионии Д737.004.03 (илмҳои филологӣ)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон — 42 рисола ва Шўрои диссертатсионии Д047.016.01 (педагогика)-и Академияи таҳсилоти Тоҷикистон — 36 рисола дифоъ шудааст, ки аз ҳисоби миёнаи дифоъҳо дар тамоми шўроҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ зиёд аст. Аз ин рў дар вохўрӣ бо иштирокчиёни форуми “Рушди таҳсилоти олӣ”, ки дар таърихи 26 августи соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, Сарвазири ин мамлакат Дмитрий Медведев таъкид намуд:

“Олга Юревна (вазири маориф ва илми Федератсияи Россия дар назр дошта шудааст) ба ман маводеро дастрас намуд, ки «Тавсифи фаъолияти шўроҳои диссертатсонӣ” ном дорад. Ман ба чӣ таваҷҷуҳ намудам? Дар ин ҷо баъзе  шўроҳои диссертатсонӣ, аз ҷумла аз рўи шумораи  дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар соли 2015 номбар шудаанд.  Ягон сухани бад гуфтанӣ нестам, вале чун далел номбар мекунам: дар ҷойи аввал ва дуюм Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон қарор доранд – 40-тогӣ дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дар соли 2015 дар ҳар яке аз ин шўроҳои диссертатсонӣ баргузор гаштааст. Ин ҷо андеша бояд кард».

Қобили зикр аст, ки зиёд будани миқдори дифоъҳо дар ду шўрои зикршуда сабабҳои объективӣ дорад, ки баъзе аз онҳоро махсусан таъкид кардан зарур аст.

Аввалан, ҳар ду шўрои диссертатсонӣ дар ҷумҳурӣ дар самти худ ягона буда, ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки шумораашон бо филиалҳо 39 ададро ташкил медиҳад, инчунин ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, се академияи соҳавӣ, сохторҳои онҳо ва муассисаҳои таълимию илмии дигар хизмат мекунанд. Филологияи тоҷик, педагогика ва методикаи таълим бошад, серталабтарин самтҳои илмӣ дар кишвар мебошанд. Зеро дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик ва педагогика, инчунин факултетҳои алоҳида амал мекунанд. Дар муассисаҳои илмии чумҳурӣ низ эҳтиёҷ ба кадрҳои илмии ин соҳаҳо хеле зиёд аст. Аз ин рў, табиист, ки шумораи аспирантону докторантҳо ва унвонҷўён дар соҳаҳои филологияи тоҷик ва педагогика зиёд буда, шумораи дифои рисолаҳои илмӣ низ нисбат ба самтҳои дигар сол ба сол меафзояд.

Дуюм, дар солҳои 2012- 2014 фаъолияти шўроҳои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар самти педагогика ва методика, шўроҳои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи  академик Б.Ғафуров ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти филологияи тоҷик боздошт ва ё қатъ гардида буд. Бо ҳамин сабаб, нафароне, ки натавонистанд рисолаҳои худро дар ин шўроҳо дифоъ намоянд, ба шўроҳои амалкунандаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муроҷиат намуданд. Ин вазъ низ боиси зиёд гаштани дифоъҳо дар шўроҳои мавриди назар гардид.

Сеюм, дар солҳои қаблӣ ба аспирантура ва докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар, ё ҳамчун унвонҷў  шумораи зиёди таълимгирандагон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон қабул гардида буданд, ки дифои рисолаҳои илмии як қатори онҳо ба соли 2015 рост омад. Аз ҷумла, аз шумораи умумии дифоъкардагон дар Шўрои диссертатсионии Д737.004.03 (илмҳои филологӣ)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли мазкур 8 нафар ва дар Шўрои диссертатсионии Д047.016.01 (педагогика)-и Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 10 нафарро шаҳрвандони ин кишвар ташкил додаанд. Ҳамзамон, 5 нафар, ки дар ҳар ду шўрои мазкур дар соли 2015 рисолаи илмӣ дифоъ намуданд, шаҳрвандони кишварҳои дигари хориҷӣ будаанд.

Чорум, агар дар шўрои диссертатсионӣ устодон ва ё кормандони илмии ҳамон як муассиса рисолаи илмӣ дифоъ намоянд, ин вазъро ғайриқобил арзёбӣ кардан имкон дорад. Дар иртибот ба Шўрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон метавон қайд намуд, ки танҳо 11 нафар аз 42 дифоъкунанда кормандони доимии ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ будаанд. Дар нисбати Шўрои диссертатсионии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ин рақам боз ҳам камтар буда, ҳамагӣ 2 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин рў зиёд ҳисобидани шумораи дифоъ дар ин шўроҳоро наметавон арзёбии воқеъбинона шумурд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти Шўроҳои диссертатсионии амалкунандаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад».