Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон обуҳавои сарду сербориш пешгӯӣ мешавад.

Обуҳавошиносони кишвар дар бораи аз бегоҳии имрӯз 10-12 дараҷа поинравии ҳарорат ва боронҳои кӯтоҳмуддат дар қаламрави ҷумҳурӣ шаби 18 ба 19-ум маълумот медиҳанд.

Рӯзи 20 октябр аксаран обуҳавои бебориш, вале шомгоҳон ҳавои абрнок ва шаби рӯзи ҷумъа дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Боришот рӯзҳои 21-22 октябр низ аз эҳтимол дур набуда, рӯзҳои 23-24 октябр (якшанбе ва душанбе) обуҳаво бебориш ва офтобӣ мешавад.

Рӯзҳои боришот ҳарорат дар ҷануби кишвар то 19 дараҷа гарм, дар минтақаи шимоли кишвар - 10-15 дараҷа гарм, ноҳияҳои тобеи марказ - 13-18 дараҷа гарм, ВМКБ - 11-16 дараҷа гарм ва шаҳри Душанбе - то 17 дараҷа гарм мешавад.