Олими Ҷопон Йошинори Осуми, дорандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи тиб ва физиология исбот кард, ки рӯза барои организми инсон муфид аст.

Бино ба маълумоти торнамои Ислам сегодня, аз ҷумла ӯ як механизме кашф кардааст, ки «аутофагия», яъне «худхӯрӣ» номида мешавад. Маънии ин мафҳум дар он ифода меёбад, ки ҳуҷайраҳои инсон ба шинохти маводи зараровар ва барзиёдатӣ дар организм қодир буда, сипас онҳоро ба як чизи ба халта монанд - мембранаҳо ҷамъоварӣ ва ҳазм мекунанд ва «ашёи дуюмдараҷа»-и дар ҷараёни ин ҳазм ҳосилшуда ба бунёди ҳуҷайраҳои нав равона мегардад.

Тавре маълум шудааст, ҷараёни аутофагия дар ҳолате фаъол мешудааст, ки вақте организм дар ҳолати стресс (фишор) қарор мегирад. Ба истилоҳи дигар, вақте ҳуҷайраҳои инсон аз ғизогирӣ маҳрум мешаванд, онҳо маводи зараровари дар организм ҷойдошта, аз ҷумла бактерияҳои касалиоварро ба худ фурӯ мекашанд.

Ҳамин тариқ, таҳқиқоти олими Ҷопон гуфтаҳои Пайғамбар Муҳаммад (с) дар бораи муфид будани рӯза барои организмро тасдиқ мекунанд, зеро рӯза организмро аз таркибҳои зараровар ва «зиёдатӣ» пок мекунад. «Рӯза гиред - ин саломатии шуморо беҳтар мекунад», - мегуфт Пайғамбар Муҳаммад (с).