Мақомоти интизомии Русия ба муроҷиати Сергей Пономарев, муаллифи мақолаи баҳсбарангези “Тоҷикистон: аз фаромӯшии шуравӣ то ояндаи дурахшон” ҷавоби рад додааст.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Пономарев ахиран бо ирсоли як мактуб ба Вазорати умури дохилии кишвараш иддао кард, ки аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон таҳдид ба марг шудааст ва хоста буд, дар қиболи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шавад.

Аммо муовини сардори шӯъбаи пулиси “Строгино” ба Сергей Пономарев посух дода, ки “ба маълумоти шумо мерасонам, аз рӯи аризаи шумо тафтишот анҷом шуд, ки дар натиҷаи он қарори боз накардани парвандаи ҷиноятӣ қабул шуд”.

Ба иддаои Пономарев пас аз нашри матлабаш ба почтаи электронӣ ва сафҳаи шабакаҳои иҷтимоии ӯ пайёмҳои таҳқиромез мерасиданд ва ҳатто ӯро таҳдид ба куштан мекарданд. Ӯ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоста буд, алайҳи муаллифони ин пайёмҳо парванда боз кунад.

Ёдрас мекунем, ки таърихи 16 июл дар сомонаи “КП. ру” мақолаи Сергей Пономаревро  бо номи  “Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее”  интишор кард, ки аз сафари журналисти рус ба Тоҷикистон ва таассуроту мушоҳидаҳои ӯ аз ин сафар ҳикоят мекунад. Ҷомеаи Тоҷикистон лаҳни маводро таҳқиромез ва далелҳои дар он зикршударо беасос арёзбӣ карданд.

Санаи 21 июл дар робита ба ин қазия Шариф Ҳамдампур, масъули чопи ҳафтаномаи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки нашр ва паҳн кардани рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон  боздошта мешавад.  Ин мақоларо ӯ аз нигоҳи ахлоқи рӯзноманигорӣ ғайри қобили қабул ва таҳқири миллати тоҷик унвон кард.

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон зикр гардид, ки нисбати хабарнигори газетаи «Комсомолская правда» Сергей Пономарёв ба иттиҳоми «барангехтани низоъи миллӣ», мақомоти прокуратура  парвандаи ҷиноӣ боз карда метавонад.

Дар ҳамин ҳол, сардабири «Комсомолская правда» Владимир Сунгоркин изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба имкони оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати хабарнигори ин нашрия Сергей Пономаревро беасосу дур аз ҳақиқат унвон кард.

Роҳбари Фонди «Тоҷикистон», ноиби президенти созмони умумирусиягии «Русия хонаи мо» (Россия наш дом) Гавҳар Ҷӯраева дар студияи радиои «Комсомолская правда» сабаби дилмондагии тоҷикистониён аз журналист Сергей Пономаревро шарҳ дод.