Ширкати авопаймоии русиягии «Уралские авиалинии» доир ба боздошти парвози ҳавопаймоҳо аз баъзе шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон огоҳиномаи расмӣ нагирифта, аз ин рӯ, парвозҳо ба Тоҷикистонро тибқи ҷадвал пурра анҷом медиҳад.

«Мо огоҳиномаи расмӣ нагирифтаем, бинобар ин мисли пешин ба анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон идома дода истодаем», - гуфтанд ба «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати «Уралские авиалинии».

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 23 декабр чанде аз ВАО-и Русия иттилоъ доданд, ки дар посух ба манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русия, Душанбе парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Уралские авиалиинии»-ро ба Тоҷикистон аз чор шаҳри Русия - Краснодару Уфа ва Челябинску Красноярск бозмедорад.

Санаи 22 декабр Вазорати нақлиёти Русия иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар Маскав миёни мақомоти дахлдори кишварҳо дар масъалаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковский тавофуқ ҳосил нашуда, Русия аз 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русияро мутаваққиф мекунад.

Баъдтар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба баргардонидани пулҳои мусофироне, ки ба хатсайрҳои Душанбе-Оренбург, Душанбе-Краснодар, Душанбе-Иркутск ва Душанбе-Красноярск билетҳо харида буданд, оғоз намуд.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита ба вазъи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо ёддошт ё нота супурд.

«Сафири мо ба Департаменти ИДМ ВКХ Русия доир ба гуфтушунидҳо миёни мақомоти авиатсионии ҳарду кишвар ва бенатиҷа анҷом ёфтани онҳо маълумот дод», - хабар дод ба «Азия-Плюс» сухангӯи сафорат Сарвар Бахтӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ёддошт масъалаҳои аз ҷониби Тоҷикистон вайрон нашудани муқаррароти созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо ва аз ҷониби Вазорати нақлиёти Русия риоя нашудани кадом бандҳои ин санад аз нигоҳӣ ҳуқуқӣ шарҳ дода шудааст.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 26 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бо вуҷуди хабарҳо дар мавриди қатъи парвозҳои ин ширкати ҳавопаймоии русӣ, парвозҳо дар хатсарҳои “Уралские авиалинии” ба Душанбе тибқи ҷадвал идома дошта, масалан, субҳи имрӯз, 26 декабр ҳавопаймои “Уралские авиалинии” аз шаҳри Екатеринбург ба шаҳри Душанбе парвоз анҷом дод.