Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон аҳолиро огоҳ мекунанд, ки билетҳои ширкати ҳавопаймоии «Ямал»-ро харидорӣ накунанд, зеро ин ширкат барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозатнома нагирифтааст.

Бино ба иттилои ба «Азия-Плюс» расида аз ҳайати Тоҷикистон, ки дар гуфтушунидҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо дар Маскав қарор дорад, гуфтушунидҳои рӯзи 22 декабр оғозёфта идома дошта, то ҳол миёни ҷонибҳо ҳеҷ як тавофуқи муайяне ҳосил нашудааст.

«Аммо то ҷое мо огаҳӣ дорем, ширкатҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии «М-Авиа», «Саёҳати нур» ва Atlas Travel дар хатсайри Маскав-Душанбе ба фурӯши билетҳои ширкати «Ямал» машғуланд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ин ширкат барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозатнома надошта, мутаносибан ба фурӯши билетҳо ҳам ҳуқуқ надорад. «Аз ин рӯ, зимни фурӯши билетҳо аҳолиро набояд фиреб кард», - иброз дошт ҳамсуҳбат.

Ба «Азия-Плюс» тамос гирифан бо ин ширкатҳои фурӯши билетҳо муяссар нашуд, аммо дар сомонаҳои интернетӣ дар бораи идомаи фурӯши билетҳо аз ҷониби ширкати «Ямал» ба хатсайрҳои мавҷуднабуда маълумот дастрас аст. Масалан зикр гардида буд, ки арзиши билети ширкати «Ямал» аз Маскав ба Душанбе - 228 ва аз Маскав ба Хуҷанд - 244 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.


Директори тиҷоратии ширкати «Ямал» Андрей Дубров дар ин робита гуфтааст, ширкат фурӯши билетҳо ба хатсайрҳои самти Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковскийро мутаваққиф накардаааст.

«Мақомоти Тоҷикистону Русия доир ба парвозҳо то ҳанӯз қароре қабул накарда, алҳол мо расман парвозҳоро ба таъхир андохта, ҳалли масъаларо интизорем, вале фурӯши билетҳоро бознадоштаем», - иброз доштааст Дубров.


Қаблан ширкати ҳавопаймоии русиягии «Уралские авиалинии» низ доир ба боздошти парвози ҳавопаймоҳо аз баъзе шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон огоҳиномаи расмӣ нагирифта, аз ин рӯ, парвозҳо ба Тоҷикистонро тибқи ҷадвал пурра анҷом медиҳад.