Бино ба маълумоти пойгоҳи интернетии Migranto.ru, дар аксари минтақаҳо нархи патент афзоиш ёфта, минтақаҳои пешсаф дар ин самт Ёқутистон (8762 рубл) ва Ямал (8219 рубл) мебошанд, ки аз нархи миёна дар кишвар қариб ду баробар бештар аст.

Дар вилоятҳои Калуга, Кемерово, Маскав, Омск, шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург нархи патент тағйир наёфтааст.

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи соли гузашта шаҳрдории Маскав тасмим гирифта буд, ки арзиши патенти кориро боло набурда, он дар сатҳи пешина - 4,2 ҳазор рубл боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, дар чанде аз минтақаҳо нархи патент поин рафтааст, аз ҷумла дар вилояти Орёл (аз 3172 то ба 3075 рубл) ва кишвари Забайкале (аз 4269 то ба 4265 рубл).

Дар минтақаҳои Ингушистон, Кабардино-Балкария, Марий Эл, Хакасия, вилоятҳои Киров, Саратов ва Чукотка ҳукуматдорони маҳаллӣ то ҳол дар муҳлати муқаррашуда дар ин хусус қонунҳо қабул карда натавонистаанд.

Нимаи моҳи декабри соли гузашта зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсияи Русия вазири корҳои дохилии ин кишвар Владимир Колоколтсев иттилоъ дод, ки аз оғози сол аз ҳисоби фурӯши патентҳои корӣ ба муҳоҷирон, ба буҷети Русия беш аз 38 млд. рубл маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта қариб 1,5 баробар зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, дар қаламрави ин кишвар ҳудуди 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Бонки марказии Русия иттилоъ дода буд, ки тӯли 9 моҳи соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ 1 млрд. 432 млн. доллари ИМА маблағӣ пулӣ интиқол дода шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15% камтар аст.