Дар макони замоне дӯкону раста ва фурӯшгоҳҳои бозори «Баракат», ки миёни мардум дар пойтахт бо номи «Бозори Путовский» маъруф буд, корҳои сохтмонии марҳилаи аввали бунёди бузургтарин театри миллии Осиёи Марказӣ дар Душанбе идома доранд. Хабарнигорони «Азия-Плюс» аз майдони сохтмон боздид намуда, бо ҷараёни корҳо шинос шуданд.

Фармоишгар ва пудратчии асосӣ аз тарафи ҳукумати кишвар таъйин шудааст, ки онҳо Дирексияи сохтмони назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСП “Сирдарё” мебошанд.

Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.