Мақомоти шаҳрдории пойтахт дар шаҳри Душанбе ду хатсайр (маршрут)-и нав ҷорӣ карда, дар баъзе хатсайрҳои пешина тағйирот ворид карда шуд.

Хатсайрҳои нав микроавтобуси №42 ва троллейбуси №8 мебошанд. Микроавтобуси №42 аз маҳаллаи Чортут то Дарвозаҳои ҷанубӣ (роҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа) ҳаракат карда, троллейбуси №8 муддати беш аз 10 сол равуо намекард ва акнун онро дубора ҷорӣ карда, лекин он танҳо аз Қарияи Боло то вокзали роҳи оҳан ҳаракат мекунад.

«Мусофирбарҳои «Старек»-и ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаро аз роҳҳои пойтахт гирифтем, - мегӯяд директори МД «Душанбенақлиётхизматрасон» Фирӯз Саидов. - Имрӯз беш аз 3 ҳазору 616 микроавтобус (2 ҳазору 973-тоашон тибқи шартнома) ба мусофирон дар Душанбе хизмат расонида, 643 мусофиркаши боқимонда ба корхонаҳои коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2», «Автобус-3» ва «Троллейбус» тааллуқ доранд».

Номбурда қайд кард, ки ояндаи наздик бо супориши раиси пойтахт ба шаҳри Душанбе автобусҳои истеҳсоли Беларус оварда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз ҷорӣ кардани хатсайрҳои нав, самти ҳаракати баъзе автобус ва маршруткаҳо иваз шудааст. Нигаред ба самти ҳаракати маршруткаҳо:

1/15