Низом Нурҷонов, яке аз санъатшиносони маъруфи Тоҷикистон пас аз бемории тӯлонӣ дар синни даргузашт. Доктори илми санъатшиносӣ ва профессори шинохта, ки дар тӯли умри худ драма, операву балет, рақс ва фолклору мусиқии тоҷикро таҳқиқ кардааст, рӯзи 18-уми март дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Наздикони донишманди тоҷик чанде пеш ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯ бемори бистарист ва қудрати ҳаракат кардан надорад. Низом Нурҷонов то кунун дар Душанбе ҳамроҳ бо духтараш зиндагӣ мекард. Писараш бо хонавода муқими Олмон аст.

Низом Нурҷонов, яке аз мунаққидони барҷастаи театрӣ ва ҳам пажӯҳишгари рақси миллии тоҷикӣ буд ва бо мусоидати ӯ дар соли 1958 дар Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шӯъбаи таърихи санъат таъсис ёфт ва нахустин мудири шӯъба ҳам худи Низом Нурҷонов таъйин шуд.

«Нахустин театри касбӣ», Таърихи театри шӯравии тоҷик», «Театри Суннатии Тоҷикон», «Олами Беканори Рақси Тоҷик» чанде аз китобҳои донишманди шинохтаи тоҷик аст. Дар китобаш бо номи «Театри суннатии тоҷикон», ки соли 2002 нашр шуд, Низом Нурҷонов мегӯяд, ки мардуми Тоҷикистон, ягона мардум дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҳафт наъви театри суннатиро дорад.

Дар китоби «Олами беканори рақси тоҷик», ки соли 2014 нашр шуд, ӯ дар бораи таърихи чандҳазорсолаи рақси мардуми Осиёи Марказӣ бахусус дар бораи рақсҳои занона ва мардонаи тоҷикӣ навиштааст.