Ба яке аз марказҳои савдои шаҳри Хабаровски Русия паланг ворид шудааст. Навори видеоиро дар шабака посбонони марказ гузашта, қобили таваҷҷуҳ аст, ки онҳо аз ин ҳайвони ваҳшӣ наҳаросида, ҳангоми ба толор даромадан ва назди лифт рафтани паланг ба наворбардорӣ идома додаанд.

Мақомоти пулиси шаҳри Хабаровск аз рӯи далели ба маркази савдо ворид шудани паланги дар навори видео сабтшуда санҷиш мегузаронад.

Хабаргузории «Газета.ру» менависад, дар робита ба ҳодисаи мазкур мақомоти интизомӣ молики бино ва ҳамчунин намояндагони сиркеро, ки бо сафари ҳунарӣ дар ин шаҳр қарор доранд, бозпурсӣ хоҳад кард.

Дар маъмурияти маркази савдо ин навори видео бо палангро алҳол ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд.