Доир ба масъалаи баргузор намудани раҳпаймоии «Полки ҷовидон» алҳол ҳеҷ қароре қабул нашудааст.

Сухангӯи мақомоти шаҳрдории Душанбе Абдумаҷид Усмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қарор дар ин хусус метавонад пеш аз 9 май қабул шавад ва ин салоҳияти раиси пойтахт мебошад.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорон Валӣ Сайёрбеков имрӯз ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки дарвоқеъ ҳам намедонад, ки дар ҷумҳурӣ раҳпаймоии «Полки ҷовидон» гузаронида мешавад ё не. Ҳамин тариқ ӯ аз гуфтаҳои пешини худ доир ба манъи ин чорабинӣ даст кашид.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе ба баргузории раҳпаймоии «Полки ҷовидон» (Бессмертный полк) дар Душанбе, ки санаи 9 май аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии собиқадорон пешбинӣ гардида буд, иҷоза надод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.