Дар Осорхонаи шаҳри Маскав рӯзи 4 июн нахустин фестивали фарҳангии «Помир-Маскав» доир мегардад.

Хабаргузории «Фергана» дар ин робита менависад, барномаи фестивал аз консерт ва Jam session-и мусиқачиёни Тоҷикистону Русия, сохтмони манзили маъмулии помирӣ, намоиши филми «Песни Абдула» (коргардон Анна Моисенко, истеҳсоли Фаронса - Русия - Тоҷикистон) ва дигар чорабиниҳо иборат аст.

Дар доираи ҷашнвора пешниҳоди маърӯзаву қироати шеър, мизҳои гирд бо иштироки коршиносон дар бахши муҳоҷират, намоиши корҳои рассомони муосир, таҷрибаҳои муштараки таомпазии ошпазҳои тоҷику рус, тӯйи театрикунонидашудаи помирӣ бо оши палав ва рақсу суруд, муаррифии китобҳо, бозиву машғулиятҳо барои кӯдакон ва ғайра баргузор мешавад.

Зимни кори мизҳои гирд доир ба мавзӯи муҳоҷират коршиносони Осиёи Марказӣ ва Русия дар бораи таҳқиқоти худ оид ба ин масъала маълумот дода, атрофи як қатор масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, аз қабили хусусиятҳои бозори кор, сиёсат дар соҳаи қонунгузории муҳоҷират ва кор, падидаҳои нажодпарастӣ дар Русия муосир, нақши ИДМ дар сиёсати байнулмилалӣ табодули назар хоҳанд кард.

Фестивал аз ҷониби Осорхонаи шаҳри Маскав, Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Нур», гурӯҳи мусиқии «Аркадий Котс», тими Cineminers ва Фонди Роза Люксембург созмон дода шуда, соати 13:00 оғоз мегардад.