Бинобар сабаби бозгашти оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан дар остонаи моҳи шарифи Рамазон ва болоравии талабот ба билетҳои ҳавопаймоӣ аз Русия ба Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ нархи билетҳоро боло бурданд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон тарифҳо ба хатсайрҳо аз Русия ба Тоҷикистонро ба ҳисоби миёна 20%, яъне тақрибан 400 сомонӣ боло бурданд. Ин ба он вобаста аст, ки дар ин вақт аксари муҳоҷирони кории тоҷик барои ҳамроҳи оилаҳояшон ҷашн гирифтани Ид-ал Фитр (Иди Рамазон) ба хонаҳояшон меоянд.

Дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии шаҳри Душанбе, назди бозори Шоҳмансур ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки айни замон нисбат ба сафар аз Душанбе ба Маскав, нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳо аз Маскав ба Душанбе 400 сомонӣ баландтар аст. Ҳамин тариқ, нархи билет аз Маскав ба Душанбе - 2 ҳазору 640 сомонӣ ва аз Душанбе ба Маскав 2 ҳазору 190 сомонӣ арзиш дорад.

«Қиматшавии билетҳои хатсайрҳо ба Тоҷикистон ба бозгашти оммавии муҳоҷирон ба ватан вобаста аст, то ки Иди Рамазонро якҷо бо аҳли оилаашон ҷашн гиранд, - мегӯянд дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои пойтахт. - Баъд аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон нархи билетҳо поин рафта, дар ҳамин ҳол, бозгашти оммавии муҳоҷирон ба Русия оғоз мегардад ва аз эҳтимол дур нест, ки бо ин сабаб нархи билетҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия боло раванд».

Нархи билетҳо ба парвозҳои наздиктарин аз Душанбе ба шаҳри Санкт-Петербург ба ҳарду самт - 5 ҳазор сомонӣ ва ба як самт 2 ҳазору 470 сомониро ташкил медиҳад.

«Нархи баланди ҳозира ба он вобаста аст, ки шумори хоҳишмандони харидани билет ба ҳарду самт низ афзудааст», - гуфтанд дар нуқтаҳои фурӯши билетҳо.

Билет ба хатсайри Душанбе - Екатеринбург ба ҳарду самт 3 ҳазору 960 сомонӣ ва ба як самт - 1980 сомонӣ арзиш дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.