Дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар литсейи №1-и ба номи Мансур Бобохонови шаҳри Конибодом доир ба ҳаёту фаъолияти ин олими маъруфи таърихнигори тоҷик конфронси илмиву амалӣ баргузор шуд.

Дар конфронс толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом, волидони онҳо ва намояндагонпи аҳли ҷомеа ширкат варзида, дар маърӯзауву суханрониҳои худ доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмиву омӯзгории Мансур Бобохонов маълумот доданд.


Мансур Бобохонов 28 августи соли 1931 таваллуд шуда, соли 1953 яке аз аввалин хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Баъди 5 сол ӯ нахуст рисолаи номзадӣ ва соли 1974 рисолаи докториашро ҳимоя кард.

Солҳои 1962-1965 ӯ ба ҳайси мудири кафедраи таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ кор карда, аз соли 1965 то соли 1982 вазифаи декани факултаи таърихи Донишгоҳро ба уҳда дошт. Охири солҳои 90-уми асри гузашта М.Бобохоновро барои кор ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикиситон даъват карда, дар ин муассиса ӯ ба ҳайси профессори кафедраи таърих ва нахустин декани факултаи таъриху ҳуқуқ ва факултаи муносибатҳои байнулмилалӣ ифои вазифа намудааст.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар фаъолияти илмии профессор Бобохонов марҳилаи нав оғоз гардида, ӯ ба омӯзиши таърихи тоҷикони ҷаҳон рӯ овард. Бо ташаббуси пофессор ин фан ба барномаи таълимии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар мактабҳои олӣ ворид гардид.

«Маҳсули ҷустуҷӯҳои дақиқи ӯ таҳияи китоби «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» гардид, ки соли 2000-ум нашр шуд. Дар таърихнигории ватанӣ нашри китоб рӯйдоди муҳим маҳсуб меёбад», - навишта буданд қаблан докторҳои илмҳои таърих, профессорон Х.Пирумшоев  ва М.Маликов.


Бо талошҳои чандинсолаи худ М.Бобохонов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши тоҷикон ва мардуми форсизабони ҷаҳонро таъсис дод, ки роҳбари аввалинаш худаш буд. Муҳимияти омӯзиши ин мавзӯъро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардааст ва аз ин рӯ, тасодуфӣ нест, ки бо қарори сарвари давлат, профессор Мансур Бобохонов бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ шуд.

Дар баробарӣ омӯзгорӣ ва корҳои ташкилӣ, пофессор Бобохонов ҳамеша ба корҳои илмӣ низ машғул буд. Беш аз 400 кори илмӣ - монография, китобҳои дарсӣ, мақолаҳои илмӣ ва дигар маводи илмии муҳим ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Беш аз 20 сол хонандагони синфҳои 4-уми мактабҳои кишвари мо таърихи Тоҷиистонро аз рӯи китоби ӯ меомӯхтанд, ки ҳамроҳ бо Ф.П. Репа таълиф шуда, 8 маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ бознашр шудааст.


Барои саҳмгузорӣ дар рушди илми таърихнигорӣ Мансур Бобохонов ба унвони «Арбоби шоистаи Тоҷикистон» сазовор дониста шуда, узви вобастаи Академияи байнулмилалии илмҳои мактаби олӣ, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия интихоб шудааст.

Дар конфронс аз ҳаёт фаъолияти илмии Мансур Бохонов наворҳои видео намоиш дода шуданд. Котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунисти шаҳр Ғаниҷон Юсупов зимни суханрониаш қайд кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои насли ҷавони Конибодом хеле муҳим аст. Ӯ ба литсей китоби Мансур Бобохонов «Таърихи тоҷикони ҷаҳон»-ро тақдим намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ директори литсей Т.Мамадҷонова суханронӣ карда, ба ҳамаи ҳозирин барои заҳматҳояшон миннатдорӣ изҳор намуд ва ба иштирокчиёни фаъоли конфронс ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ супурд. Намояндаи шуъбаи маориф ба толибилмони беҳтарини литсей стипендияи ба номи профессор Мансур Бобохоновро тақдим кард.