Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта Дабири кулли Сомзони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар Тоҷикистон қарор дошт.

Бино ба гуфтаи котиби матбуотии Дабири кулли СММ, дар роҳи сафар ба кӯли Сарез ӯ зимни парвоз дар фазои Помир аз мушоҳидаҳояш ба шигифт омадааст. Дар ин бора маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.

«Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки дар Тоҷикистон мушоҳида кардааст, мутаассир шудааст. Ҳудуди 30%-и пиряхҳо дар ин кишвар аллакай об шудаанд», - гуфтааст сухангӯи СММ дар брифинги Ню-Йорк.
Роҳбари СММ аз миқёси обшавии пиряхҳо дар Помир ба шигифт омадааст
un.org

Гуфта мешавад, зимни сафар Антоиу Гутерриш бори дигар аз кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки ба мубориза бо тағйирёбии иқлим тақвият бахшанд, зеро «инсоният ба аз даст додани вақт ҳуқуқ надорад».

Зикр мегардад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оқибатҳои ҷиддии гармшавии сартосарӣ дучор гардида, дар минтақа пиряхҳо об мешаванд, ҷараёни биёбоншавӣ дар ҳоли афзоиш аст ва дарёҳо аз байн рафта, баҳри Арал қариб хушк шудааст.

Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаҳои охир майдони пиряхҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 30-35 фоиз кам шуд.