Обуҳавошиносони Тоҷикистон аз гармии шадид дар ҷумҳурӣ рӯзҳои истироҳати оянда маълумот медиҳанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҳушёриву эҳтиёткорӣ даъват мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 16 то 18 июн дар қаламрави кишвар обуҳавои гарму хушк дар назар аст.

«Рӯзҳои истироҳати оянда ҳарорати ҳадди ниҳоӣ дар ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ беш аз 40 дараҷа гармиро ташкил хоҳад дод», - гуфт сухангӯи КҲФ Умеда Юсупова.

Ба гуфтаи ӯ, беҳад гармшавии обуҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ ба босуръат обшавии барфу пиряхҳо ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо оварда мерасонад, ки дар навбати худ ба селу обхезиҳо, фаромадани ярчу сангрезиҳо боис шуда метавонад.

«Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки зимни ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ва қарор доштан наздикии обанбору дарёҳо дар ин рӯзҳо ҳушёру эҳтиёткор бошанд»,- изҳор дошт намояндаи КҲФ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.