Дар остонаи Иди Рамазон дар шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба кор шурӯъ намуданд.

Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт итминон доданд, ки ярмаркаҳо дар ҳамаи бозорҳо фаъолият дошта, қимати махсулот дар ин ярмаркаҳо 30 фоиз аз бозор арзонтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар доданд, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар робита ба фарорасии Иди Рамазон дастур додааст, ки дар қаламрави шаҳр ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз минтақаҳои кишвар ташкил карда шавад.

Ярмаркаҳо шурӯъ аз имрӯз, муддати се рӯз дар бозорҳои «Меҳргон» (собиқ «Пойтахт-90»), дар майдони назди бозори Қарияи Боло, бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Фаровон» ва дигар бозорҳо баргузор мешаванд.

«Ярмаркаҳо дар даромадгоҳи бозорҳо, дар хаймаҳои махсус бо навиштаҷоти дахлдор кор мекунанд, вале мутаассифона, аксари харидорон ба ин чиз таваҷҷуҳ накарда, аз худи бозор маҳсулот мехаранд ва сипас мегӯянд, ки нархи ярмарка аз бозор фарқ надорад, - гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ. - Масалан, имрӯз дар ярмаркаи назди бозори «Шоҳмансур» килои бодиринг 1,5 сомонӣ ва дар худи бозор - 2,5 сомонӣ нарх дошт».

Ёдрас мекунем, ки имсол дар Тоҷикистон Иди Рамазон санаи 26 июн ҷашн гирифта мешавад. Маъмулан чанд рӯз пеш аз ид дар ҳамаи бозорҳои кишвар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ якбора боло меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.