Дар маҷмааи “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе, имрӯз 14 июл намоиш ва фурӯши молу маҳсулоти Ҳиндустон ба кор оғоз кард, ки то 23 июл идома ёфта, сипас дар Хуҷанд (26 июл - 8 август) ва баъдан дар Қӯрғонтеппа (12-20 август) доир мегардад.

1/23

Дар ин намоиш молу маҳсулоти ширкатҳои пешрафтаи Ҳиндустон, аз қабили Indo Russia Expo, A.P. Handicrafts, Godline International, Rahul Silver House, Khurram International, Harsh Fashion, Adhaar Creation, Pink City Handicrafts, Khan Creation, Niyati Exports, Noor International ва ғайра ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шудаанд.

Созмондиҳандагони чорабинии мазкур Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати ташкили намоишҳои INDO RUSSIA EXPO мебошанд.