Манижаи Давлат, овозхони шинохтаи тоҷик, ки беш аз даҳ соли ахир аз саҳна канор рафтааст, шарти ба саҳна баргаштани худро эълон кард.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Манижа дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, агар санъаткороне, ки дар аз саҳна дур карданаш нақш доштанд, мисли ӯ чанд сол умри худро дареғ надоранд, ба саҳна бармегардад.


Гуфта мешавад, Манижа дар ин навишта, ки бо таъкиди “барои кулли расонаҳо” нашр шудааст, мушаххасан аз ҳеч санъаткоре ном набурда, аммо таъкид намуда, ки онҳо барои аз саҳнаву ҳаводорон дур карданаш “номи бисёр нафаронро истифода бурданд”.

Матни ин навиштаи Манижа бидуни таҳрир:

“Барои баъзе санъаткорхое, ки хелеее талош карданд, ки ман аз сахнаву хаводоронам дур шавам то, ки онхо рушд кунанд ва барои ин бисер чизхо ва номи бисер нафаронро истифода бурданд, харчи чи,ки хостанд дарег надоштам ва шанс додам. Гуфтам: бигузор, агар ба хамин кадар кор ки душмани ман хурсанд гардад ман розй...

Саволе ба миён меояд,ки онхо хам метавонанд 11-12соли умри худро барои ман дарег надоранд.Агар тавонанд-МАН БА САХНА БАРМЕГАРДАМ!

Манижаи Давлат барои кулли расонахо.m.d”

Қаблан дар остонаи фарорасии Соли нав Манижаи Давлат ба саволи «Азия-Плюс» дар бораи дархосташ аз Бобои Барфӣ дар соли 2017 чунин посух дода буд: «… солимӣ ва баргардонидани ман  ба хона, яъне Саҳна…».