Миллиардери рус Роман Абрамович ва ҳамсари ӯ тарроҳ Дария Жукова эълон карданд, ки аз ҳам ҷудо мешаванд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар изҳороти ин ҷуфт дар шабакаи телевизионии РБК қайд шудааст, ки: "Баъди 10 сол зиндагии муштарак, мо як тасмими бисёр душвор гирифтем, ки аз ҳам ҷудо шавем, вале дӯсти якдигар, волидони ду бачаи олиҷаноб ва коршарики тарҳҳое боқӣ бимонем, ки бо ҳам оғоз кардем ва пеш бурдем"..

Сухан пеш аз ҳама дар бораи осорхонаи ҳунарҳои муосир, бо номи Гараж" дар маркази ҷазираи Голландияи Нав дар Санкт Петребург аст.

онҳо 10 сол бо ҳам зиндагӣ карданд
STRINGER.Ru

Роман Абрамович, ҳамраиси ширкати "Сибнефт" ва ширкатҳои бузурги дигари Русия, аз "хонавода"-и олигархҳои наздик ба раиси ҷумҳури пешин Борис Елтсин буд. Ӯ намояндаи мардумӣ дар Думаи давлатӣ ва ҳамчунин волии ҳавзаи мухтори Чукотск буд. Абрамович солҳои ахир дар Лондон зиндагӣ мекунад ва молики клуби футболи "Челсӣ" аст.

Дария Жукова аз солҳои 1990 дар Лондон ба сар мебурд ва соли 2005 дар ҳамин шаҳр бо Роман Абрамович шинос шуд.