Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видео мунташир шуд, ки дар он чӣ гуна аз ҷониби кормандони фурудгоҳи пойтахт ҳамроҳ бо кормандони милитсияи мусаллаҳ бо автомату чӯбдасти резинӣ (дубинка), судиҷрочиён ва истифода аз техникаи махсус кӯчонида шудани манзилҳои сокинони кӯчаи Мастонгулов сабт шудааст. Дар ин хонаҳо оилаҳои Бекуловҳо, Даминовҳо ва Умаровҳо зиндагӣ мекунанд.

Дар навори видео шунида мешавад, ки чӣ тавр судиҷрочиён сокинони манзилро ба тарки қаламрав водор мекунанд ва дар посух онҳо мегӯянд, ки аз хонаҳояшон ба ҳеҷ куҷо намераванд. Дар навор техникаи махсус ҳам дида мешавад, ки барои кӯчонидани хонаҳо овардаанд.

Мо ба маҳалли ҳодиса рафтем…

«Шумо аввал моро бо манзил таъмин кунед. Ин чӣ бедодгарист? Хонаҳои мо замони шӯравӣ ва 25 соли истиқлолият  қонунӣ буданд ва акнун ғайриқонунӣ сохташуда эътироф гардиданд?!», - мегӯянд сокинон дар навор.

Asia-Plus

… Дар маҳалли ҳодиса ба хабарнигори «Азия-Плюс» аён шуд, ки манзили Бекуловҳо, ҳамчунин ошхона ва нуқтаи хизматгузории техникии муталлиқ ба ин оила аллакай кӯчонида шудааст.

«Ин ҷо манзили мо бо якчанд ҳуҷра, ошхона, нуқтаи хизматрасонии техникӣ ва боғи калон вуҷуд дошт. Ба ивази ҳамаи ин ба мо ҳамагӣ хонаи якҳуҷрадор пешниҳод карданд. Ман чӣ гуна бо оилаам иборат аз 6 нафар ва волидонам дар он зиндагӣ кунам? Чаро масъалаи мо чунин беадолатона ҳал мешавад?», - изҳор медорад сарвари оила.

Интизории ташвишовари Умаровҳо ва Даминовҳо

«Дирӯз ин ҷо ҳангомае буд, - мегӯяд Матлуба Умарова. - Кормандони фурудгоҳу милитсия ба бедодгарӣ машғул буданд. Бародарам қариб зери булдозер монда буд. Мо чандин маротиба ба президент, раҳбарияти шаҳр муроҷиат кардем. Намедонем боз ба кӣ муроҷиат кунем. Кӯдакон дар ҳаросу калонсолон дар ташвишанд. Баъди корҳои онҳо кӯдакони мо шаб хоб карда натавонистанд, барои худи мо се маротиба ёрии таъҷилии тиббӣ даъват шуд, зеро касеро фишор баланд шуда, дигариро дарди дилаш хурӯҷ кард».

Оилаи Умаровҳо
Asia-Plus

Ба гуфтаи зан, дар ин хонаҳо беш аз 45 нафар иқомат дошта, ҳамаи онҳоро дар хонаи 4-ҳуҷрагӣ ҷой карданианд.

«Чӣ гуна ин қадар одам, 7 оила дар он зиндагӣ мекунад?! Мегӯянд, агар маъқул набошад, ана замини нообод, дар он манзил бунёд кунед. Магар ҳозир хона сохтан осон аст?», - изҳор мекунад Умарова.

Қобили зикр аст, ки дар бораи кӯчонида шудани манзилашон сокинони кӯчаи Мастонгулов (45а, 45б, 45в, 316, 316/2, 316б, 316в, 316г) як сол пеш огоҳ шуда буданд.

Дар шарҳи ин қазия Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе як моҳ қабл ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки замоне ин қитъаи заминҳо, ки барои сохтмони иншооти ёридиҳандаи фурудгоҳ пешбинӣ гардида буд, ғайриқонунӣ ба сокинони ҳозираи ин қаламрав ҷудо карда шудааст.