Леонардо Ди Каприо, ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд ва продюсери амрикоӣ, бо нашри як муроҷиатнома ба унвонии роҳбарони 12 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон хост, ки барои ҳимоят аз бабрҳои барфӣ талоши бештар кунанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ӯ охири ҳафтаи гузашта дар саҳифаи хеш дар шабакаи “Инстаграм” ва Твиттер навишт, насли бабри барфӣ бинобар вайрон шудани муҳити зист ва бархӯрди номуносиби одамон бо олами вуҳуш бо суръат маҳв мешавад.

Бабри барфӣ ё "паланги ширмол" ҷонвари нодирест, ки шикораш дар Тоҷикистон мамнӯъ аст. Ин ҷонвар ба китоби Сурхи Тоҷикистон дохил шудааст.

Леонардо Ди Каприоро дар Тоҷикистон бештар тавассути нақшаш дар филми “Титаник” мешиносанд. Аммо ӯ тайи солҳои охир бештар барои ҳифзи табиат иқдом карда, соли 2014 фиристодаи махсуси Созмони Милал дар масъалаи тағйири иқлим таъин шуда буд. Ҳоло ӯ бунёдеро сармоягузорӣ мекунад, ки ба ҳимоят аз бабрҳои барфӣ таъсис шудааст.

Ди Каприо аз роҳбарони 12 кишвар хостааст, барои ҳимоят аз бабри барфӣ иқдоми сареъ анҷом диҳанд. Муроҷиати ин ҳунарманди маъруф дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии ҳифзи бабри барфӣ ва муҳити зисти он сурат мегирад. Ин форум рӯзҳои 24-25-уми август дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, баргузор хоҳад шуд.

Леонардо Ди Каприо аз сарони кишварҳо хостааст, то намояндагонашон дар ҳамоиши Бишкек барои ҳифзи бабри барфӣ “ваъдаҳои мушаххас бидиҳанд”. Ӯ дар муроҷиаташ инчунин гуфтааст, ки давлатҳо бояд дар ҳимояи муҳити зисти бабри барфӣ низ иқдом кунанд, “зеро наҷоти насли бабри барфӣ аз он вобаста аст”.


Барномаи глобалии ҳимоят аз бабри барфӣ ва муҳити зисти он мегӯяд, дар Тоҷикистон аз 250 то 280 бабри барфӣ боқӣ мондааст ва кам шуданаш аз коҳиши туъмаи он ба мисли гӯсфанди Марко Поло ва бузи кӯҳӣ вобаста аст. Гуфта мешавад, саршумори Марко Поло ва морхӯр дар Тоҷикистон бинобар шикори густурда кам мешавад ва барои бабри барфӣ ғизое боқӣ намемонад.

Ин аст, ки бабри барфӣ маҷбур мешавад ба молу ҳайвоноти аҳлӣ ҳамла кунад ва дучори бархӯрд бо одамон шавад. Дар сомонаи ин барномаи байналмилалии наҷоти бабри барфӣ гуфта мешавад, дар натиҷаи бархӯрд бо одамон бабри барфӣ нобуд шуда, пӯст, дандон ва устухонҳояш қочоқ мешавад.