Ҳукуматдорони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сарфи назар аз эътирози соҳибкорон, субҳи имрӯз бозори марказии ноҳияро муҳр заданд. Савдогаронро ба идомаи кор дар бозори нави аз ҷониби раиси ноҳия сохташуда маҷбур мекунанд.

Адвокати кормнадони бозор Лола Яъқубова ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки кормандони милитсия ва ҳукумати субҳи имрӯз дарҳои бозори марказиро баста, ба ворид шудани соҳибкорон ба ҷойҳои кориашон монеъ шуданд. «Аз субҳи барвақт назди дари бозор қарор дорем. Кормандони милиитсия ва ҳукумат дарҳоро баста, соҳибкоронро ба қаламрави бозор роҳ намедиҳанд», - иброз дошт ӯ. - Одамон барои харидории маҳсулот меоянд, вале бо дастони холӣ бармегарданд. Яке аз соҳибкорзанон ин бесарусомониро ба телефонаш сабт карданӣ шуд, вале кормандони милитсия ӯро ба дорухонаи дар наздикӣ қарордошта бурданд».

Яъқубова таъкид дошт, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ ҳанӯз дирӯз ба соҳибкорон хабар дода буданд, ки агар бозорро бо ихтиёри худ тарк накунанд, дарҳоро баста, молҳояшонро мусодира мекунанд.

«Мушкилоти соҳибкорони бозори марказӣ ҳанӯз соли 2013, замоне оғоз гардиданд, ки раиси ҳозираи ноҳия Комил Салимзода бозори «Ашроф»-ро бунёд кард (расман бозор ба номи бародараш сабт шудааст), - қайд мешавад дар муроҷиати соҳибкорони бозор, ки ба идораи «Азия-Плюс» расидааст. - Бо сохтмони бозор Салимзода ба ҳукуматдорони вилоят ваъда дода буд, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад, вале ҳамаро фиреб карда, акнун маълум шуд, ки ӯ савдогаронро аз бозори марказӣ ба бозори худаш кӯчониданӣ будааст».

Аз замони ифтитоҳи бозор бо мақсади ба бозори «Ашроф» кӯчонидани соҳибкорон нисбати онҳо ба сифати санҷишҳои сершумори ғайриқонунӣ, ҷаримаҳои беасос, ғайриқонунӣ бастани бозор, таҳдидҳо ва ғайра фишор сурат мегирад.

Баъди чандин чунин талошҳои бебарор, ҳукуматдорони ноҳия роҳи дигари ҳалли масъаларо пайдо намуда, эълон карданд, ки нақшаи нави генералӣ таҳия шуда, дар ҷойи бозори марказӣ хонаҳои истиқоматии бисёрошёна ва якошёна, боғ барои кӯдакон сохта мешавад ва замини бозор барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ истифода хоҳад шуд.

Лекин аҷибаш он аст, ки ҳукуматдорон нақшаи генералии ҳақиқиро нишон дода наметавонанд, ҳатто дар суд ҳам нақшаеро нишон додаанд, ки дар он ҳеҷ кадом муҳри доирашакли вазорат ё идорае вуҷуд надоштааст.

Соҳибкорон изҳор мекунанд, ки бо маҷбуран аз ҷойҳои кориашон рондани онҳо, раиси ноҳия Конститутсия ва қонунҳои ҷудогонаро поймол мекунад.

Чанд моҳи охир соҳибкорон ба унвони Президенти мамлакат ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Озода Раҳмон дар бораи амалҳои ғайриқонунии раиси ноҳияи Комил Саидзода муроҷиат карда, 1 сентябр шикояти 110 нафар соҳибкорон ба Прокуратураи генералӣ, КДАМ, Агентии мубориза бо коррупсия ва ВКД Тоҷикистон фиристода шудааст.

Рӯзи 7 сентябр тоҷирони бозор ба қабули Озода Раҳмон ба пойтахт омада, онҳоро муовини аввали дастгоҳ Музаффар Ашӯриён ба ҳузур пазируфт.

- Ӯ арзу шикояти моро шунида, итминон дод, ки то анҷоми баррасии масъала дар суд, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки моро ташкиш диҳад, - мегӯянд соҳибкорзанони бозор, ки сипас ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат карданд. - Оид ба ин масъала ӯ бо раиси вилояти Суғд тариқи телефон суҳбат кард. Мо ба ӯ бовар карда, дилпурона ба хонаҳоямон баргаштем, вале дар роҳ соҳибкорони бозор ба мо занг зада, гуфтанд, ки дарҳол ҳамон рӯз баъди қабули Ашӯриён сардори ШКД ба бозор омада, таҳдид кардааст, ки ҳамаро як ба як ҷазо медиҳад.

«Азия-Плюс» рӯйдодҳои минбаъда атрофи қазияи бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расуловро пайгирӣ хоҳад кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.