Парвина Саидова, моделйер ва актрисаи тоҷик клипи аввалини худ бо суруди «Алладин»-ро пешкаш намуд, ки чанд рӯз қабл дар шабакаи интернет мунташир шуд.

Ба гуфтаи продюсер Беҳрӯз Зеваров, ин нахустин таҷрибаи Парвина ба сифати сарояндаи суруд буда, қаблан низ ӯ дар якчанд клипҳои Беҳрӯз Зеваров нақш офаридааст.

Моҳи августи соли равон моделйер ва ҳунарманди 28-солаи тоҷик, дорандаи унвони Missis International-2016 (Остона) ва Top Model-2016 (Одесса), модари 5 фарзанд дубора издивоҷ кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.