Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пайвандону наздикони Оишаи дар Ироқ дарёфтшударо, ки аз ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешавад, ҷустуҷӯ дорад.

«ВКД ба ҷустуҷӯи хешону наздикони Оиша ва додарону хоҳаронаш, ки аз тақдирашон мо дирӯз тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ гардидем, оғоз кард. Бо журналиситони русиягӣ, ки дар Ироқ қарор доранду аз ин қазия ба мо хабар доданд, низ адар алоқа ҳастем», - хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Ӯ изҳор намуд, ки агар касе аз тоҷикистониён дар бораи Оиша ва хешону наздикони ӯ маълумоте дошта бошад, метавонад тариқи телефонҳои боварӣ - 221-21-21 (мобилӣ - 1919) ба Вазорат хабар диҳад ва агар касе аз хешону наздикон пайдо шавад, аз паноҳгоҳи Ироқ ба ватан баргардонидани онҳо имкон дорад.

Номбурда ҳамчунин хабар дод, ки то ҳол касе аз пайвандону наздикони боз як духтар бо номи Марям, ки ба тасдиқи шабакаи телевизионии Russia Today ӯ ҳам тоҷик аст, пайдо нашудаанд.

Шабакаи телевизионии RT хабар медиҳад, ки Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия ба таҳкиқи қазияи ду кӯдаки бо Оиша дарёфтшуда, ки эҳтимол меравад шаҳрванди Русия ҳастанд, оғоз намудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.