Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ба аз ҷониби бахши тоҷикии Википедия роҳ додан ба хатоҳои грамматикӣ ишора мекунад.

«Мо Википедияро огоҳ мекунем, ки дар саҳифаҳои мавод бо забони тоҷикӣ ғалатҳояшонро ислоҳ кунанд», - гуфт ба «Азия-Плюс» муовини раиси Кумита Саодатшо Матробиён.

Саодатшо Матробиён

Ба гуфтаи ӯ, коршиносони Кумита муддати ду ҳафтаи таҳлилу баррасии маводи Википедия бо забони тоҷикӣ миқдори хеле зиёди хатоҳои имлоиро ошкор карда, ба хулосае расиданд, ки дар ин ҳолат қонуни забон ва қарори ҳукумат дар бораи имлои забони тоҷикӣ риоя намешавад.

Кумита дар сомонаи худ маводеро аз саҳифаҳои Википедия гузоштааст, ки ба ақидаи онҳо, дар ин мавод меъёрҳои забони тоҷикӣ риоя намешаванд.


Кумитаи забон ва истилоҳот ноширони масъули қисми тоҷикии сомонаи "Wikipedia"-ро, ки муҳтавои сомонаро бо забони тоҷикӣ интишор мекунанд, огоҳ карда, пешниҳод мекунад, ки тамоми ғалатҳои имлои забони тоҷикии сомона бояд ислоҳ карда шаванд.

Матробиён мегӯяд, вагарна онҳо назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт, аммо дар посух ба саволи бо кадом роҳу восита маълум кардани муаллифони мавод душворӣ кашид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.