Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шабакаҳои радиои давлатӣ ва хусусиро муваззаф кардааст, ки китобҳои президент Эмомалӣ Раҳмонро дар шакли садоӣ ё аудиоӣ пахш кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҳарчанд мақомот чунин иқдомро барои боло бурдани эҳсоси худшиносиву ватандӯстии сокинон муҳим мешуморанд, аз тарафи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, метавонад натиҷаи баръакс бидиҳад.

Фаррух Зиёев, мудири Радиои Тоҷикистон гуфтааст, барои анҷоми ин кор ҳунарпешаҳои театр ва ровиён ҷалб мешаванд. "То ин қарор мо ду китоби раиси ҷумҳурро сабт кардем ва онҳо дар эфир садо доданд. “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Забон ҳастии миллат” дар хазинаи тиллоии мо сабт шуд. Бар замми ин, супориш шудааст, ки асарҳои дигарро низ ба Шӯрои бадеӣ пешниҳод кунем, ки ҳамаи онҳо ба навбат хонда мешаванд”, - иброз доштааст Фаррух Зиёев.

Гуфта мешавад, соли гузашта пораҳое аз китоби “Аз Ориён то Сомониён”-и президент дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бо наворҳои таърихӣ пахш шуда буд, вале ҳоло тасмим аст, тамоми асарҳои ӯ тариқи радиоҳои маҳаллӣ хонда шаванд.

Масъули як радиои хусусӣ гуфтааст, ба тозагӣ аз Бозрасии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизиону радио дастур гирифтанд, ки дар баробари пахши ахбори радиои давлатӣ, инчунин хониши бадеии китобҳои Эмомалӣ Раҳмонро низ ба роҳ монанд.

Марат Мамадшоев, рӯзноманигори тоҷик дар ин робита изҳор доштааст, ки пахши “хонишҳои бадеӣ” мероси замони Шӯравист, ки дар шароити феълӣ мардумро аз радио дур мекунад. Ӯ гуфт, шояд дар замони Шӯравӣ чунин хонишҳо натиҷа медод, чун сокинон роҳи алтернативии шунидани мусиқӣ ва иттилоъро надоштанд.