Субҳиддин, як сокини шаҳри Душанбе ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор дошт, ки чанд сол пеш шаҳрвандии Русияро соҳиб шуда, ҳамзамон шаҳрванди Тоҷикистон низ боқӣ мемонад ва дар шаҳри Душанбе қайди доимӣ дорад. Ҳангоми убури марзи Тоҷикистон дар нуқтаи назорати марзӣ ӯ ба мушкилот дучор шудааст.

- Билетро ман бо шиносномаи хориҷии Русия харида, онро ҳангоми убури марз пешниҳод кардам. Марзбон пешниҳоди корти муҳоҷиратро талаб карда, ман гуфтам, ки дар Тоҷикистон қайди доимӣ дорам ва шаҳрванди ду кишвар мебошам. Баъди ин сарҳадбон пешниҳоди шиносномаи Тоҷикистон бо қайдро тақозо намуда, ман онро пешниҳод намудам ва вақте ки шиносномаро дид, дархост кард, ки дар бораи шаҳрвандии ду кишвар маълумотнома пешниҳод намоям, ки ман онро надоштам. Дар шиносномаи хориҷӣ муҳр гузошта, маро ба кабинети алоҳида бурда, пардохти ҷарима талаб карданд. Ба дархости ман доир ба нишон додани фармоне ё меъёрҳои қонун афсари калон ҷавоб дода натавониста, чун пай бурданд, ки аз ман чизе гирифта наметавонанд, ҷавоб доданд.

Ба гуфтаи ӯ, дар  роҳ аз ҳамсафаронаш шунидааст, ки онҳо низ на як бору ду бор ба чунин мушкилот дучор шуда, саривақт аз хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ ба маблағи 150 сомонӣ ҳамон маълумотномаи зикршударо гирифтаанд.

- Баъди бозгашт ба хадамот барои гирифтани маълумотнома муроҷиат карда, барои он 120 сомонӣ маблағ пардохт кардам ва ба ман гуфтанд, ки он бемуҳлат аст, - иброз дошт Субҳиддин.

Акнун ӯ савол медиҳад, ки оё талаби маълумонома (справка) дар бораи шаҳрвандии ду кишвар аз ҷониби гузаргоҳи марзӣ қонунӣ аст, зеро мавҷуд будани ҳарду шиноснома аллакай ба ин шаҳодат медиҳад-ку?

ВКД чунин маълумотнома намедиҳад!

Барои шарҳу тавзеҳи ҷузъиёти масъалаи мазкур ба ВКД муроҷиат кардем.

Дар посухи хаттии ВКД дар ин робита гуфта мешавад:

«Мувофиқи банди 59 Фармони Президенти ҶТ аз 12 апрели соли 2017, №868 «Муқаррароти тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии ҶТ», ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии ҶТ инҳоанд: шиносномаи шаҳрванди ҶТ; шиносномаи умумии шаҳрвандии хориҷӣ; шиносномаи дипломатии ҶТ; шиносномаи хизматии ҶТ; шаҳодатнома барои бозгашт ба ҶТ.

Мувофиқи банди 45 Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 14 ноябри соли 2002, №1325 «Дар бораи тасдиқи Муқаррароти тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии ФР», ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии ФР инҳоанд: шиносномаи шаҳрванди ФР, аз ҷумла шиносномаи хориҷӣ; шиносномаи дипломатӣ ва шиносномаи хизматӣ.

Воҳидҳои хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии ВКД ҶТ маълумот дар бораи душаҳрвандиро танҳо бо дархости шаҳрвандон медиҳанд (гирфтани он ҳатмӣ нест). Зимни додани маълумотнома пардохт пешбинӣ нашудааст.

Ҳангоми муроҷиати шаҳрвандони дорои душаҳрвандии ФР бо масъалаи бақайдгирӣ дар маҳалли зист, ба онҳо фаҳмонида мешавад, ки мувофиқи моддаи 7-и Шартнома байни Тоҷикистон ва Россия дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ аз 7 сентябри соли 1995, бақайдгирии онҳо дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст.

Дар Хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирии ВКД чунин маълумотнома наздики 100 сомонӣ нарх дорад.

Ҳамчунин ҷиҳати шарҳу тавзеҳи минбаъдаи ҷузъиёти масъалаи мазкур ба раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон муроҷиат кардем, вале ду ҳафта сипарӣ шуду алҳол аз онҳо посухе нарасидааст.

Як афсари нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ бидуни ифшои ному насаб дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки дарвоқеъ ҳам ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, дар гузаргоҳҳои марзӣ аз шахсони дорои душаҳрвандӣ - Тоҷикистон ва Россия ба ҷуз пешниҳоди шиносномаҳо, маълумотнома дар бораи душаҳрвандиро низ талаб мекунанд вад ар сурати набудани он, андешидани чораҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

 Дар бораи бо кадом қонун танзим шудани ин талабот ва доир ба кадом масъулият сухан рафтан, ҳамсуҳбати мо чизе гуфта натавонист.

Назари ҳуқуқшинос

Ба ширкати ҳуқуқшиносии «Ҳимоя» муроҷиат кардем.

- Дар моддаи 7 Шартнома байни ФР ва ҶТ дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ гуфта мешавад: «Ҳуқуқ ё уҳдадориҳои иловагии барои шаҳрвандони хориҷии дар Тарафи будубош муқарраршуда, барои шаҳрвандон дорои шаҳрвандии ҳарду Тарафи дар қаламрави яке аз Тарафҳо ҳузурдошта маҳдуд намешавад, - шарҳ дод ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев.

Аз ҷумла, барои шахсони дорои душаҳрвандӣ дар қонун ва шартномаи дар боло зикршуда ҳатман гирифтани маълумотнома барои тасдиқи душаҳрвандӣ пешбинӣ нашудааст.

- Шаҳрвандии шахс мувофиқи ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд муайян карда шуда, бо пешниҳоди шиноснома дар қонун зарурати пешниҳоди дигар маълумотномаҳои иловагӣ муқаррар нагардидааст,  - қайд кард номбурда.

Дар робита ба пардохти маблағ барои гирифтани маълумотнома, ҳуқуқшинос гуфт, дар қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» боҷ барои чунин маълумотнома пешбинӣ нашудааст.

- Агар чунин пардохт дар шакли барои кадом хизматгузориҳое вуҷуд дошта бошад, пас зимни гирифтани воситаи пулӣ, бо зикри маблағ ва навъи хизматгузорӣ бояд расид (квитансия) дода шавад, - таъкид дошт Одинаев.