Созмони Хабарнигорони бидуни марз гуфтааст, теъдоди журналистҳое, ки дар соли 2017 ба ҳалокат расиданд 65 нафар аст.

Бино ба иттилои сомонаи tajikistantimes.tj бо истинод ба маълумоти ин созмон, 26 нафари онҳо ҳангоми иҷрои вазифа қурбонии шароити хатарноки мисли зарбаҳои ҳавоӣ, ҳамлаҳои интиҳорӣ ва ё оташи тупхона шуда, 39 нафари дигар барои хабарҳояшон, ки ба манофеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷиноятӣ таҳдид мекард, кушта шуданд.

Гуфта мешавад, Созмони Хабарнигорни бидуни марз қайд кардааст, ки мисли соли 2016, марги аксари онҳо (60 дар сад) ба фаъолияти кориашон рабт дошт.

Теъдоди кушташудаҳо дар муқоиса бо соли гузашта 18 дар сад коҳиш ёфт. Аммо Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, соли 2017 барои журналистони ҳирфаӣ дар 14 соли ахир соли аз ҳама марговар буд.

Ин созмон дар шаҳри коҳиши теъдоди маргҳо мегӯяд, ки журналистҳо аз кишварҳое, ки барояшон хатарнок буд, ба мисли Сурия, Либиё, Яман ва Ироқ берун шуданд.

Тӯули 6 соли ахир Сурия бо 12 мавриди ҳалокати журналистон аз ҳама кишвари хатарнок унвон мешавад. Ба думболи Сурия бо 11 куштор Мексика қарор дорад, ки дар он гурӯҳҳои ҷиноӣ ва сиёсатмадорони маҳаллӣ журналистонро террор карданд.

Аз кишварҳое, ки дар онҳо ҷанг сурат намегирад вале хабарнигорон кушта мешаванд, Мексика дар ду соли ахир хатарноктарин номбар шудааст. Теъдоди хабарнигорони кушташуда дар Афғонистон ба 9 нафар мерасад.