Консерт дар клуби Caribbean Club баргузор шуда, дар он албоми нави мусиқии ҳунарманд «ДИВО» муаррифӣ шуд.

Дар ин албом 14 тарона бо забонҳои тоҷикӣ, украинӣ ва русӣ гирдоварӣ шудааст. Ҳамаи сурудҳоро Ҷонибек зинда ба иҷро расонида, дар барномаи театришуда ҳамчунин мусиқачиёни украинӣ низ ширкат варзиданд.

Тамошобинон ҳунарманди тоҷикро хеле самимона истиқбол намуданд, бахусус зимни иҷрои таронаи «Зулайхо дар фарҷоми барнома» бо падараш, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, ки дар ин консерт ҳузур дошт.

Ҷонибек қаблан зикр карда буд, ки аз пешниҳоди барномаи нави консертиаш дар Киев, ки ҳамроҳи ҳунармандони украинӣ таҳия шудааст, хеле хушнуд аст. Дар саҳифаи расмии Ҷонибек Муродов дӯстдорону суруду мусиқии Украина қайд кардаанд, ки барномаи ӯ ба онҳо хуш омадааст.


Овозхони тоҷик дорои 5 албоми мусиқии студиявӣ ва ҷоизаҳои маъруфи байнулмилалӣ, аз қабили «BIG APPLE MUSIC AWARDS» дар солҳои 2010 ва 2012 мебошад, ки ҳамасола дар Ню-Йорк ба писандидатарин ҳунармандони эстрадаи Осиё тақдим мегардад. Соли 2016 дар Гамбург (Олмон) ӯ ҳамчунин ба мукофоти BAMA AWARDS қадрдонӣ шуд.