Вазири фарҳанги Тоҷикистон ва як гурӯҳе аз ходимони театри ҷумҳурӣ ба аёдати Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова рафтанд, ки 100-солагиашро ҷашн мегирад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳнги ҷумҳурӣ, Мушаррафа Қосимова, ки ба синни мубораки 100 қадам ниҳодааст, аз дидори дӯстону ҳамкасбон ва шогирдонаш хеле хурсанд гардид. «Ташаккур, ки маро ёд кардед, сарам ба осмон расид. Ташрифи шумо барои ман нерӯи нав мебахшад», - изҳор дошт ӯ.

Мушаррафа Қосимоваро Арбоби ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова,  сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов, директорони театрҳои пойтахт ва дигарон бо зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва хушбахтии аҳли хонаводаро таманно намуданд.

«Тамоми кормандони театри кишвар шуморо устод ва модари худ медонанд», - иброз дошт Вазири фарҳанг ва илова намуд, ки аҳли театри тоҷик бо Мушаррафа Қосимова ифтихор мекунанд.

Фотима Ғуломова аз солҳои аввали фаъолияташ дар театр ёдовар шуда, нақл кард, ки Мушаррафа Қосимова дар ҳаёт модари дуввуми ӯ аст. «Модари ман дар театр Мушаррафа-ойтӣ ҳастанд, ки ба ман нозукиҳои касбро омӯхтаанд. Мушаррафа-ойтӣ ҳамеша беҳтарин маслиҳатгар, дӯст ва устоди ман ҳастанд. Ман хеле хушбахтам, ки аз нақшофариҳои якҷоя дар намоишҳои бешумор ва сафарҳои ҳунарӣ бо ин инсони наҷиб хотироти ғанӣ дорам» - гуфт Фотима Ғуломова.

Мушаррафа Қосимова иброз дошт, ки дар хонаи ӯ ҳамеша фазои театр эҳсос мешавад. «Аз аксҳо ва мусаввараҳои атроф худатон метавонед хулоса бароред, ки ман доимо бо театр ҳастам», - изҳор дошт ӯ.

Мушаррафа Қосимова даст бар дуо кушода, тамоми меҳмонон ва кормандони соҳаи фарҳангро дуои нек гуфт ва рушди фарҳанг ва санъати театриро таманно намуд.

Дар маълумотномаи Викиедия зикр мегардад, ки Мушаррафа Қосимова 19 декабри соли 1920, дар гузари Чорраҳаи ш.Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ҳунарманд бештар чун иҷрокунандаи нақшҳои маишӣ дар саҳнаи театр шинохта шудааст. Тамоми умр, ӯ ҳамчун ҳунарпешаи Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ (1937-1983) ва аз соли 1989 – дар театра-студияи «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ намудааст. Дар кинематографи тоҷик аз соли 1956 фаъолият намудааст.