Дар пойтахти Тоҷикистон шаби Соли нав бори нахуст аз 5 нуқта мушакафаканӣ сурат мегирад.

Мушакафкании 4-дақиқаина шаби 31 декабр баъди чорабинии идона, ки аз соати 19:00 то 22:00 доир мегардад, баргузор мешавад.

«5 нуқтаи интихобшуда дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт - Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва маркази шаҳри Душанбе, назди арчаи асосӣ ҷойгир шудааст», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Шоҳмансур мушакафканӣ (салют) дар майдони «800-солагии Маскав», назди Театри опера ва балет; ноҳияи Исмоили Сомонӣ - дар «Боғи Айнӣ»; ноҳияи Сино - назди Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ; ноҳияи Фирдавсӣ - назди Сирк ва маркази Душанбе - дар миайдони «Дӯстӣ» доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҳамчунин имсол бори нахуст арчаи солинавӣ дар шаҳри Душанбе се ҳафта пеш аз фарорасии он қомат афрохт. Баландии арчаи соли навии пойтахт 25 метр ва масоҳаташ - 12,5 метрро ташкил медиҳад.