Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» пешниҳод намуд, ки байни пойтахти Тоҷикистон ва шаҳрҳои Самарқанду Бухорои ин кишвар хатсайрҳои нави ҳавоӣ кушода шаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пешниҳоди ҷониби Ӯзбекистон мавриди омӯзиш қарор дошта, ояндаи наздик дар ин бора тасмим гирифта мешавад.

Манбаъ изҳори бовар намуд, ки қарори Тоҷикистон дар мавриди ин масъала мусбат хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи апрели соли гузашта Ӯзбекистон якҷониба парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд - Душанбе - Тошкандро, ки аз соли 1992 қатъ шуда буд, барқарор намуд.

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе ба пойтахти Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.