Зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар соли 2017 раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода ба раисони шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати омодагӣ ба пешвози меҳмонон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сатҳи баланд дастур дод.

Гулмаҳмадзода хотиррасон намуд, ки соли 2018 дар вилоят Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешаванд.

«Дар ин рӯзҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят чорабиниҳо доир гардида, бинобар ин, аз ҳамин рӯз ба қабули меҳмонон омодагӣ гиред», - дастур дод раиси вилоят.

Ҳамчунин бино ба гуфтаи Гулмаҳмадзода, чорабиниҳои ҷашни байнулмилалии Наврӯзи соли 2019 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир мегарданд.

Раиси вилоят супориш дод, ки дар ин самт низ корҳои омодагӣ ба роҳ монда шаванд, аз ҷумла ба корҳои сохтмони варзишгоҳи нав дар ноҳияи мазкур бо 15 ҳазор ҷойи нишаст оғоз бахшида шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.