Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода иттилоъ дод, ки бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои санитарӣ ва шароити мусоид фаъолияти 45 масҷид боздошта шуд.

«Сокинони маҳаллӣ пешниҳод намуданд, ки ин масҷидҳо ба иншооти иҷтимоӣ, кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ табдил дода шаванд, лекин барои ин аввал иҷозати Кумитаи дин ва ҳамчунин таъмиру муҷаҳҳазгардонии онҳо низ зарур аст», - гуфт раиси шаҳр.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои он 113 масҷид, аз ҷумла як масҷиди ҷомеаи марказӣ, 11 масҷиди ҷомеъ, 100 масҷиди намозҳои панҷгона ва 1 калисо амал мекунанд.

Расулзода ҳамчунин гуфт, 154 нафар сокинони Исфара, ки дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, ҳамаашон ба ватан баргардонида шудааанд.

Ӯ аз шаҳри Исфара хеле зиёд дар ҷангҳои дигар кишварҳо иштирок доштани сокинонро инкор накарда, изҳор дошт, ки онҳо на аз Исфара, балки аз дигар кишварҳо, асосан аз Русия ба минтақаҳои даргир сафарбар шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ба санаи 1 январи соли 2018 шумори аҳолии шаҳри Исфара 261,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.