Маблағи умумии грантҳои раиси шаҳри Хуҷанд, ки ба ҳунармандони мардумӣ зимни ҷашни Рӯзи шаҳри Хуҷанд супурда мешаванд, имсол ду баробар - аз 65 ҳазор то ба 120 ҳазор сомонӣ зиёд карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҳамоиши ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷандшаҳр таҳти унвони «Ҳунар-беҳ аз симу зар!» дар Кохи «Суғдиён» боздид намуд.

Дар намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳри Хуҷанд, анвои гуногуни ҳунар аз қабили қуроқдӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, кешбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, ҷомадӯзӣ, зардӯзӣ бо маҳорати баланди дӯзандагӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд. Ҳамзамон нишолопазон, наводсозон, сандуқсозон, косибон, рассомон  ва ғайраҳо доир ба санъати омодасозии ҳунарҳои хеш маълумоти муфассал доданд.

1/6

Гуфта мешавад, Маъруф Муҳаммадзода зимни сӯҳбат бо ҳунармандон  таъкид дошт, ки барои зиёд намудани анво ва теъдоди маҳсули ҳунарашон кӯшиш намоянд ва дар навбати худ, шаҳрдорӣ баҳри муаррифӣ ва фаъол гардонидани бозори фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳо меандешад.

Зимни суханронӣ дар Кохи «Суғдиён» раиси шаҳр изҳор намуд, ки дар такя ба иқдоми пешгирифтаи  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  шаҳрдории Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки силсилаи  зиёди чорабиниҳоро пиёда, ҳунарҳои мардумии Хуҷандшаҳрро эҳё ва ташаккул бахшад ва баргузории чорабинии имрӯз низ бо ин ҳадаф амалӣ мешавад.