То фарорасии ҷашни Наврӯз 50 шабонарӯз боқӣ монд. Мардуми ориётабор замоне ҷашни Сада - муждаи Наврӯзро ҷашн мегирифтанд.

Номи ин ҷашн ба шумораи «сад» алоқамандӣ дорад, яъне аз фарорасии он то ҷашни Наврӯз расо 50 шабу рӯз сипарӣ мешавад.

Дар табрикоти телевизионии Пешвои миллат ба ин муносибат қайд шуд, ки ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хосса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.

Чорабиниҳои асосии ҷашн дар пойтахт дар боғи «Дӯстии халқҳо» баргузор шуданд. Бо вуҷуди сардии хеле зиёд, ин ҷо мардуми зиёде ҷамъ омада, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳо, ҳамчунин консерт баргузор шуд.

 

1/20

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.