Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи моҳи феврал баимзорасида дар бораи кумак ба амалисозии лоиҳаи таъмини об ба як мактаби ноҳияи Дағараро ба имзо расонид.

«Дар доираи амалисозии ин лоиҳа ҳукумати Чин барои таъмини оби нӯшокӣ ба мактаби деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати Корез ба сифати кумаки техникӣ 12,5 млн. юан (17,3 млн. сомонӣ) маблағ ҷудо мекунад», - гуфт дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид.

Ба гуфтаи ӯ, ба кашидани хати қубури масофааш 5 км ва сохтмони обанбор 7 мутахассисони Чин ва 25 коргари тоҷик машғул шуда, сохтмони иншоот охири моҳи август ба итмом мерасад.

Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷониби Чин ба маблағгузории лоиҳа дар муддати як моҳи пас аз тасдиқ шудани созишнома оғоз мекунад.

Мактаби мазкур дар ду баст барои 1280 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, моҳи марти соли 2014 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Мактаб дорои 22 синф, кабинетҳои маъмурӣ, майдони варзишӣ, синфҳои омӯзиши ҳунарҳо мебошад, ки бо технологияи муосири замонавӣ муҷаҳҳазанд.

Қобили зикр аст, ки мактаб низ бо маблағгузории Чин ба сифати грант дар ҳаҷми беш аз 17 млн. сомонӣ сохта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.