Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) бори дигар аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро аз маҳбас озод кунанд.

«Хабари бад барои Тоҷикистон. Мӯҳлати боздошти Хайрулло Мирсаидов бо ба ду моҳи дигар дароз шуд» - навиштааст дар Твиттер Стив Свердлов, намояндаи HRW оид ба Осиёи Марказӣ санаи 10 феврал.

Ӯ қайд кардааст, ки журналисти маъруф аллакай муддати ду моҳ аст, ки ғайриқонунӣ паси панҷара қарор дорад. «Ба ин масхарабозӣ хотима бахшидан зарур аст», - илова кардааст ӯ.


Ҳафтаи гузашта бо дархости прокурор «бо мақсади тафтиши пурра ва воқеъбинонаи парванда», муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар дароз шуд.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.