Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода изҳор намуд, ки кормандони ин ниҳод зимни санҷишҳо 1566 номҳои ҷуғрофиеро ошкор кардаанд, ки ба меъёрҳои забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд.

«Бо мақсади омӯзиши номи маҳалҳои ҷуғрофӣ ҷиҳати мутобиқат ба меъёрҳои забони тоҷикӣ, Кумита дар ҳамдастӣ бо ниҳодҳои дахлдор моҳи апрели соли 2017 санҷиш гузаронида, мониторинги 10295 номҳо нишон дод, ки 1566 номҳо, аз ҷумла номи 836 деҳа, 58 ҷамоат, 672 чарогоҳу кӯҳ, дарёву кӯлҳо, чашмаву пул ва ғайра ба меъёри моддаи 19 Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон ҷавобгӯ нестанд», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Шарофзода, соли гузашта мақомоти судӣ аз рӯи далелҳои риоя накардани меъёрҳои забони давлатӣ 318 парвандаи маъмуриро баррасӣ карда, аз рӯи натиҷаҳои он дар ҳаҷми 60 ҳазору 720 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.

«Ҳамчунин Кумита дар мавриди масъалаи номгузории тифлон ва тағйири ному насаб 90 аризаи шаҳрвнадонро баррасӣ намуда, мувофиқи натиҷаҳои ташхис 55 ариза маъқул ва 35 ариза рад карда шуд», - илова кард раиси Кумита.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.