Ҳукумати ноҳияи Сино аҳолиро дар бораи манъи хушк кардани либосҳо дар балкону тирезаҳо огоҳ кардааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ҳукумати ноҳия хабар доданд, талаботи қонун дар бораи мақоми пойтахт чунин буда, барои риоя накардани ин дастур дар ҳаҷми то 2 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.

Намояндагони Кумитаи манзилҳо сокинонро огоҳ мекунанд, ки ҳамаи сохторҳо барои хушк кардани либосҳоро, ки аз балкон ба дарахтону ё балкони хонаи дигар гузаронида шудаанд, баркананд.

Акс аз сомонаи akhbor.com

Аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти ноҳия ба сокинон пешниҳод кардаанд, ки либосҳоро дар дохили манзил ё ҳавлии хонаҳо хушк кунанд. Дар дигар ноҳияҳо содир шудани чунин дастур алҳол маълум нест.

Қаблан «Азия-Плюс» дар бораи ҳаёти рӯзмарраи чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла ҳаёти сокинони ноҳияи Сино гузориши видеоӣ таҳия намуда буд. Соҳибхоназанҳо ин ҷо тамоми рӯз дар танӯрҳо нон пухта, беохир ба шустани гилемҳо машғуланд.

Шумо метавонед дар бораи ҳаёти рӯзмарраи сокинони ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ низ гузориши видеоӣ тамошо кунед.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.