Аз Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо тарзҳои гуногун метавон ба Русия сафар кард: бо ҳавопаймо, автобус ё такси. Ҳавопаймо гаронтарин тарзи сафар буда, лекин амну бехатартарин низ мебошад, зуду бароҳат ва бидуни пулситониҳо дар роҳҳо.

Билетҳои ҳавопаймоӣ ба мавсим вобастаанд: баҳорон нархи онҳо болову тирамоҳ поин мераванд.  Муҳоҷирон қариб ҳеҷ гоҳ билети сафару бозгаштро якҷоя намегиранд, аз ин рӯ сарфа кардан муяссар намегардад, менависад дар маводи худ АИ «Фергана».

Аз ҳама арзонтар аз Қирғизистон метавон ба Маскаву дигар шаҳрҳои Русия парвоз кард. Тибқи ҷадвали фурудгоҳи Ош, дар як рӯз аз ин ҷо тариқи панҷ хатсайр – сето ба Маскаву дуто ба дигар шаҳрҳо, аз қабили Новосибирску Сургут ва Красноярск парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Аз Бишкек ба Маскав шаш парвоз сурат мегирад, ҳарчанд ин шумор метавонад тағйир ёбад, дутогӣ ба Новосибирску Санкт-Петербург ва яктогӣ – ба дигар шаҳрҳои Русия. Нархи билет ба ин хатсайрҳо ба ҳисоби миёна 100-250 долларро ташкил медиҳад.

Аз Ӯзбекистон парвоз нисбатан қиматтар аст. Аз Тошканд ҳам дар як рӯз якчанд ҳавопаймоҳо ба сӯи Маскав роҳ пеш мегиранд. Аз Андиҷону Бухоро, Қаршӣ, Навоӣ, Намангон, Нуқус, Самарқанд, Ургенҷ ва Фарғона парвозҳо камтар анҷом дода мешаванд. Ба ҷуз Маскав, ҳавопаймоҳо аз Ӯзбекистон ба шаҳрҳои Воронеж Қазон, Екатеринбург, Калининград низ парвоз мекунанд. Агар як моҳ пеш аз парвоз билет харед, нархи ҳадди ақали он ба 250 доллар баробар хоҳад буд.

Дар Тоҷикистон парвозҳо аз Душанбе ба шаҳрҳои Маскав, Красноярск, Екатеринбург ва Новосибирск сурат мегиранд. Аз Кӯлобу Хуҷанд низ метавон ба Маскав парвоз кард. Ғайр аз ин, аз Хуҷанд ҳатсайрҳо ба Сургут, Тюмен, Омск, Чита, Екатеринбург ва Челябинск низ амал мекунанд.

Ин ҷо арзиши билет аз 250 доллар оғоз мегардад. Фасли баҳор нархи билет то 500 доллар расида метавонад, аз ин рӯ, барои сарфа кардан, тоҷикистониён аз хатсайрҳои арзон тариқи Ошу Бишкек истифода мекунанд.

Сафар бо қатора

Сафар бо қатора ба Русия арзонтар аст, лекин начандон бароҳат. Дар роҳ мушкили санҷишҳо аз ҷониби сарҳадбонони қазоқу рус шуморо интизор аст. Дар вагони платскарт зимистон хунуку тобистон гармии тоқатфарсо, ин ҷо ҳамеша бӯи макарони зудтайёр ба машом расида, суҳбатҳои беохири мусофирон хотима надоранд.

Замоне чунин мешавад, ки муҳоҷир ҳатто барои вагони платскарт низ пул надорад, вале рафтан зарур аст. Дар ин ҳолатҳо роҳбаладони корчаллон мушкили шуморо осон мекунанд. Онҳо ба истилоҳ ҷойи «нишаст» дар платскартро ба шумо фурӯхта метавонанд.

Гап сари он аст, ки дар як кати платскарт ду-се нафар нишаста метавонанд ва ҳамин тариқ, якчанд ҷойи «нишаст» пайдо мешавад. Ин мусофирон бонавбат хоб рафта, вақтҳои санҷиши ҳуҷҷатҳо дар тамоми қатора пароканда мешаванд.

Қатораи хатсайри «Бишкек – Маскав» рӯзҳои душанбе ва чоршанбеи ҳафта ба сафар баромада, мутаносибан рӯзҳои чоршанбе ва шанбе ба Маскав мерасад.

Боз рӯзи сешанбе қатораи хатсайри «Бишкек –Қазон» ва дар ҳашт рӯз як маротиба қатораи «Бишкек – Новокузснетск» низ ба сафар мебарояд.. Арзиши билетҳо дар ин қатораҳо наздики 180 доллар дар вагони платскарт ва 223 доллар – дар вагони куперо ташкил медиҳад.

Аз Тошканд ба Маскав баъди ҳар як рӯз қатора раҳсипор шуда, вақти сафар 68 соат аст. Айни замон билетҳои қатораи хатсайри Тошканд- Маскавро метавон бо нархи аз 130 доллар барои платскарт, 180 доллар – барои купе ва 270 доллар – барои СВ харидорӣ кард.

Аз Душанбе дар як ҳафта се қатора ба Маскав раҳсипор мешавад. Агар пешакӣ билет харед, пас нархи билет дар вагони платскарт – 150 ва купе – 210 доллар аст. Аз Кӯлоб низ қатораҳо ба Маскав раҳсипор шуда, онҳо низ тариқи Душанбе мегузаранд.

Сафар бо автомашина

Масофаи роҳ аз Тошканд ба Маскав – 3.610 километр, аз Бишкек ба Маскав – 3.757 километр ва аз Душанбе ба Маскав – 3.803 километрро ташкил медиҳад. Аммо сафар ба Русия бо автомашинаи шахсиро тавсия доданӣ нестем. Ин ҷо мушкилоти зиёди марбут ба санҷишҳои сершумор дар роҳ, шурӯъ аз пулиси роҳ то хадамоти гумрук вуҷуд дорад ва боз хароҷоти дигар ҳам.

Ронандагоне, ки симои зоҳириашон ба славянҳо монанд нест, шиносномаи Русия надоранд ва рақамҳои автомашинаашон дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сабт шудааст, бештар ба мушкилиҳо дучор мешаванд.